ОМОДАГИИ ШАБАКАҲОИ БАРҚӢ ДАР ФАСЛИ ЗИМИСТОН

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади босифат таъмин намудани қувваи барқ ба аҳолии ноҳия дар фасли зимистон ва таъмиру омода намудани зеристгоҳҳои барқӣ аз ҷониби шабакаҳои барқи ноҳияи Дӯстӣ дар ҳамкорӣ бо раисони Кумитаҳои маҳалла ва сокинони ноҳия трансформаторҳо сари вақт таъмир гардида дар баъзе деҳаҳое, ки сарбории барқ зиёд аст бо кумаки аҳолӣ трансформаторҳои нав насб гардиданд.

Чунин ташаббус дар деҳаи Моҳи нави Ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шабакаҳои барқи ноҳия ва саҳми аҳолии деҳаи мазкур амалӣ карда шуд.
Тавре дар суҳбат раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Барқчиён" Наҷимов Муродалӣ иброз дошт дигар зеристгоҳҳо ва истгоҳҳои барқии ноҳия низ аз таъмир бароварда шуда, барои таъмини босифати барқ ба аҳолӣ дар фасли зимистон пурра омода мебошанд.