БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар якҷоягӣ бо Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти "Деҳқонобод" Аксияи ҳизбии тозагии муҳити атроф баргузор карда шуд.

  Дар ин чорабинӣ раиси ташкилоти ибтидрии деҳоти "Деҳқонобрд" Ашурзода Баҳодур, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ, кормандони Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, сокинони Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ва раисони кумитаҳои маҳалла ба ҳашар баромад шафати шоҳроҳи ноҳияро аз алафҳои бегонаю хушкида ва дигар партовҳо тоза намуданд.
  Ҳамчунин бехи дарахтони шафати роҳро нарм кардам.