ИДОМАИ МУМФАРШКУНИИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Яке аз ташаббусҳое, ки сокинони ноҳия дар назди худ мақсад гузоштаанд ин мумфаршкунӣ, сангфаршкунӣ ва чароғонкунии роҳҳои маҳаллӣ мебошад.
Чунин иқдом имрӯз дар деҳаи Ҳотами Маҳрам, Ҷамоати деҳоти Ҷиликул ба роҳ монда шуд.
Бо ташаббуси сокинони деҳаи мазкур, раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи "Ҳотами Маҳрам" Маҳмадхоҷаев Солеҳ ва фаъолони деҳа Саидназиров Ҷумабек, Зоиров Мирзохуҷа, Шамсиддини Маъруф, Ризоев Шариф ва дигар шахсони саховатпешаи деҳаи мазкур дар навбати аввал зиёда аз 400 метр ва инак дар марҳилаи дуюм боз 300 метр роҳҳои дохили деҳа мумфарш карда шуд.
Дар ин кор саҳми раиси МНДРА ноҳияи Дӯстӣ, Атовуллоев Хайриддин ва кормандони ин муассиса низ назаррас буда бо истифода аз техникаҳои ин муассиса мумфаршкунӣ бо сифати баланд иҷро карда шуд.
Ҳамзамон аз фурсати муносиб истифода бурда сокинони деҳаи Ҳотами Маҳрам боқимонда роҳҳои деҳаро сангфарш намуданд.