Аксияи “Тозагӣ – ҳусни диёр”

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба иқдоми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ имрӯз дар тамоми ташкилотиҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳия аксияи "Тозагӣ - ҳусни диёр" бахшида ба "Рӯзи Президент" доир шуд. Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи Марказ"-и ки роҳбарии онро Малазода Сайдулло ба уҳда дорад низ ин иқдом амалӣ гардид, ки дар аксия беш аз 100 нафар аъзоён ва кормандони Беморхона фаъолона иштирок намуданд. Барои сабзу хуррамгардонии гирду атрофи беморхона ҳамшираҳо ҳиссӣ ватандӯстӣ нишон дода, дастаҷамъона саҳни ҳавлӣ ва роҳравҳои назди Беморхонаро тоза намуда, бехи дарахтонро нарм намуда, гулҳои ороиширо аз ҳар гуна алафҳои худрӯ тоза намуданд.