Машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки ташкилотҳои ибтидоӣ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади таблиғ намудани тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани шаҳрвандон хусусан кормандони давлатӣ ҳар рӯзи шанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷавонон машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор карда мешаванд.

Чунин ташаббус имрӯз низ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор карда шуд, ки дар ин чорабинӣ азоёни ҳизб ва кормандони ташкилоту идораҳои ноҳияи Дӯстӣ фаъолона иштирок намуданд.
Ин навбат мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия, Олимов Иброҳим ҳамчун мураббӣ баромад карда ба иштирокчиёнтарзу усули машқҳои сабук, ки ба саломатӣ ва дигар узвҳои бадан фоидаовар мебошанд ёд дода шуд.