МУМФАРШКУНИИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти деҳот таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида истодааст.

Хусусан таи солҳои охир роҳҳои маҳалли ҳудуди Ҷамоатҳо  мумфарш карда шуда истодааст.
Имрӯз дар деҳаи  Маҳрами Ҳотами Ҷамоати деҳоти Ҷиликул бо ташаббуси Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи мазкур Маҳмадхоҷаев Солеҳ, ва саҳми сокинони деҳаи Маҳрами Ҳотам ва аъзоёну  ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ   як қисми роҳи деҳа  асфалтпуш карда шуд.
Дар ин кор саҳми кормандони Муассисаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Дӯстӣ низ хеле калон буда кормандон бо истифода аз техникаҳои роҳсозии ин муассиса роҳро мумфарш намуданд.
Иқдоми мазкур аз ҷониби сокинон идома дода шуда рӯзҳои наздик боқимонда роҳи деҳа асфалтпуш карда мешавад.