малиёти муштараки ҳизбӣ дар амал

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида ва дастуру  супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ,  дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ, Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери унвони "соати сиёсӣ" баргузор гардид.

Дар чорабиниҳои мазкур, собиқадорони меҳнат, олимон, вакилони ноҳиявӣ ва дигар кормандони таҷрибадори соҳаҳои гуногуни ноҳия иштирок карда, ба хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ дар мавзӯҳои ҳувиятӣ миллӣ, тарбияи ҳарбӣ -ватандӯстӣ, вазъи сиёсии ҷаҳон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбат намуданд.
Чунин чорабинӣ дар МТМУ-13, низ баргузор карда шуд.