Баргузории ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва  дар доираи ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман" дар аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Дӯстӣ суҳбату вохӯри бо хатмкардагонӣ солҳои 1988-1990 баргузор карда шуд. Мақсад аз баргузории ин ташаббус ҷалби хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ ва шахсони саховатпеша барои амалисозии корҳои ободонию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳангоми суҳбат бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Олимов Иброҳим бо хатмкардагони МТМУ-7   вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин дастпарварони муассисаи мазкур аз ҳолати имрӯзаи биноҳои муассиса дидан карда, дар назди худ мақсад гузоштанд, ки барои зимистонгузаронии муассиса, таъмин намудан бо ҳезум дар фасли зимистон ба муассисаҳо саҳмгузорӣ хоҳанд кард.