Баргузории ташаббуси ҳизбии "Соати сиёсӣ" дар ноҳияи Дӯстӣ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳияи Дӯстӣ, Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Соати сиёсӣ" баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, донистани таърихи давлату миллати худ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор мебошад.
Ташаббуси "Соати сиёсӣ" дар МТМУ-3 ноҳияи Дӯстӣ низ баргузор гардид, ки дар рафти он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор ва омӯзгори ҷавони мактаби мазкур  иштирок намуда доир ба мавзӯъҳои  "Конститутсия бахтномаи миллат" "Истиқлолият ва ҳувияти миллӣ" ва "Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон" бо хонандагони синфи 11 дарси соати сиёсӣ доир карда шуд.
Зимни суҳбат оиди ҳифзи арзишҳои миллӣ, донистани таъриху фарҳанги давлату миллати худ ва омухтани илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ибрози андеша карда шуд.
Ҳамзамон хонандагон низ дар мавзӯъҳои ватандӯстию меҳанпарастӣ баромад карда ба суолҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд.