Баргузории "Соати сиёсӣ" дар ташкилотҳои ибтидоӣ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, суҳбату вохуриҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб баргузор гардида истодаанд.

Чунин суҳбату вохурӣ имрӯз бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои Шуро, Сомониён, Деҳқонобод ва Дӯстии Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод баргузор карда шуд.
Зимни суҳбат вобаста ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаи таълимӣ, шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" омодагӣ ба фасли зимистон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва сафарбар намудани ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша карда шуд.
Ҳамзамон директори МТМУ-15, Қузиева Маҳфуза низ баромад карда аз ҳамкории Кумитаи падару модарон бо муассисаи таълимӣ ва ёрии амалӣ расонидан дар таъмирии ҷории муассиса изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард ки минбаъд низ кушиш менамоем, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми босазо дошта бошем.