Баргузории Амалиёти ҳизбии "Соати сиёсӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳияи Дӯстӣ, Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Соати сиёсӣ" баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, донистани таърихи давлату миллати худ ва эҳтиром ба мактабу омӯзгор мебошад.
Ташаббуси "Соати сиёсӣ" дар МТМУ-3 ноҳияи Дӯстӣ низ баргузор гардид, ки дар рафти он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор ва корманди масъул оид ба таълиму тарбияи Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ, Фаттоев Аҳтам  иштирок намуда доир ба мавзӯъҳои  "Истиқлолият ва ҳувияти миллӣ" ва "Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон" бо хонандагони синфи 11 суҳбат намуданд.
Ҳамзамон хонандагон низ дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ баромад карда ба суолҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд.