ТАЪМИН НАМУДАНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зиёда аз ду сол мешавад, ки баҳри дастгирии маъюбон, ки ба кӯмаки моддию иҷтимоӣ ниёз доранд нафақаи ҳизбӣ таъин гардидааст.

      Ин иқдом дар ҳамаи Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, ҳар як Кумита ба ду ё се нафар маъюбоне, ки ба дастгирии молиявӣ ниёз доранд, нафақаи ҳизбӣ ҳар моҳ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар кадоми онҳо пардохт менамоянд.
    Ин ташаббус дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ низ ба роҳ монда шуда, муддати ду сол мешавад, ки ба ду нафар маъюбони гурӯҳи якум Шафиева Рӯзигул ва Муродов Фаррух пардохт карда мешавад. Аз моҳи январи соли ҷорӣ аллакай ба се нафар маъюби гурӯҳи якум нафақаи ҳизби аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ пардохт карда мешавад.
Бо ҳамин мақсад имрӯз аз ҷониби муовини  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Зоҳирзода Саймухтор  ба се нафар маъюбони гурӯҳи якум нафақаи ҳизбиашон расонида шуд.