СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ МАҲАЛЛИ МАҲАЛ САҲМИ АРЗАНДА ДОРАНД

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар корҳои ободкорию созандагии ноҳияи Дӯстӣ саҳми шахсони саховатпешаю соҳибкорон хеле зиёд аст. Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳм гузоштан дар ободонию пешрафти ноҳия, имрӯз аз ҷониби соҳибкор Малахов Наҷмиддин роҳи мошингузар воқеъ дар деҳаи Роҳи нави Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ба масофаи 500 метр мумфарш карда шуд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони ин деҳа як тӯҳфаи арзанда ба ҳисоб меравад.