Таъмири ҷории муассисаҳои таълимӣ идома дорад

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сари вақт таъмири ҷорӣ намудани муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи мактабҳои ноҳия корҳои таъмирӣ, рангу бори синфхонаҳо ва мизу курсиҳо идома доранд. Ин иқдом бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва маблағҳои буҷетие, ки ба ин самт равона гардидаанд амалӣ карда мешавад. Чунин иқдом дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Дӯстӣ бо маром идома дошта ҷонибдорони ҲХДТ дар муҳлати кӯтоҳ муассисаро аз таъмири ҷорӣ бароварда ба соли нави хониш омода намоянд.