АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ "МАКТАБИ МАН" НАТИҶА БА БОР ОВАРДА ИСТОДААСТ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Дӯстӣ бо ташаббуси  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва саҳми  шахсони саховатманд сохтмони панҷ синфхонаи иловагӣ ва як толори  варзишӣ бо маром идома  дорад.

Тавре, ки дар сӯҳбат бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз роҳбарияти  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 иброз доштанд, Кумитаи падару модарон ва соҳибкорону шахсони хайрхоҳи деҳаи Кӯҳдомани Ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки то иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохтмони синфхонаҳои навро анҷом диҳанд. Лозим ба ёдоварист, ки баъди  баргузори хонишҳои сиёсӣ дар доираи ташаббуси созандаи “Мактаби ман” хатмкунандагони ин муассиса низ ҷалб гардида саҳми арзандаи худро гузошта  истодаанд.