Аксияи ҳизбии "Тозагии соҳил"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади софу тоза нигоҳ доштани обҳои ошомиданӣ ва сари вақт таъмин намудани деҳқонону хоҷагидорон бо оби полезӣ бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хоҷагии об" Аминов Амирҳамза ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти "Нури Вахш" Турдиев Амондавлат, Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Тозагии соҳил" баргузор карда шуд.

Дар ин иқдом аъзоёну ҷонибдорони ҳизб як қатор фаъолони Ҷамоати деҳоти Нури Вахш иштирок намуда, канали калони обгузар, ки аз он заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигии қисми зиёди Ҷамоати деҳоти Нури Вахш обёрӣ карда мешаванд аз гилу лой ба воситаи техникаи соҳавӣ тоза карда шуда сокинон соҳили онро аз хасу чуб ва дигар партовҳо тоза намуданд.
Ҳамчунин дар ҷойҳое, ки хавфи аз соҳил сар задани об мавҷуд буд бо оҳану бетон соҳили канал мустаҳкам карда шуд.