КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ корҳои созандагиву ободонӣ бо маром идома дорад.
Ин навбат бо дастгирии узви Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ, раиси ноҳия  Нишонзода Даврон Назаралӣ бо саҳмгузории соҳибкорону шахсони саховатпеша, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ,   ҷамоати деҳоти ба номи Гарди Гулмуродов дар ҳудуди деҳаҳои Пасариқ ва Намуна  аз дарёи Вахш бо лӯлаҳои пластикӣ ва пойгоҳи обкашӣ оби нӯшокӣ оварда дар махзанҳои калон  (бочкаҳо) обро захира ва такшин намуда  сокинонро бо  оби софу тозаи ошомидани таъмин намуда истодаанд.