АКСИЯҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ  аз ҷониби сокинон ва шахсони саховатпеша дар ҳудуди деҳаи Кӯҳдомани Ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Дӯстӣ сохтмони як пули мошингузар бо маром идома дорад.
Имрӯз дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин пули мошингузар  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз Ҳамид, муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ Мирзосафзода Шамсиддин ва раиси Ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Раҷаббек иштирок намуданд.
Ҳангоми сӯҳбат бо сокинон раиси маҳаллаи ин деҳа иброз доштааст, ки баъди ба анҷом расидани ин сохтмон азм дорем, ки бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон боз дигар ташаббус ва аксияҳои ҳизбиро ба анҷом расонем.