АКСИЯИ ҲИЗБИ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Зоҳирзода Саймухтор, мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумита Олимов Иброҳим ва мутахассиси омори Кумита Раҳмонов Сайнабӣ дар маркази ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба рӯзи иди Ваҳдати миллӣ Аксияи ҳизбӣ гузаронида шуд. Ба сокинони ноҳия зиёда аз 300 адад варақаҳои таблиғотӣ тақдим карда шуда ба шаҳрвандон бори дигар  моҳияти Ваҳдати миллӣ ва хизматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ фаҳмонида дода шуд.