Барои кор дар ширкатҳои сохтмонии НБО "Роғун" даъват мекунем.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

    Дӯстӣ:  Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун сарпарасти маънавии НБО "Роғун" эътироф гардидааст.   Вобаста ба кор ҷалб намудани шаҳрвандон ва бо ин васила таъмин намудани ин иншооти бузурги аср бо мутахассисону кормандон аз ҷониби Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳо аз ҷумла ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ба анҷом расонида шудааст.

Доир ба ҳамин масъала санаи 07.06.2023, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ҳамкорӣ бо Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Дӯстӣ ба хотири таъмини ҷойи корӣ ба шаҳрвандони бекори ноҳия ярмарка доир карда шуд.
  Дар ярмарка аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои ноҳия 118 номгӯи ҷойи кор ва аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии НБО Роғун низ ҷойҳои кории холӣ пешкаши  шаҳрвандон гардонида шуд.  Баргузории ярмарка дар бозори "Баракати деҳқон" доир гардида, барои макони баргузории он масъулини он мусоидат намуданд.
  Дар натиҷа аз иштироки зиёда аз 40 нафар шаҳрванд 6 нафар барои дарёфти ҷойи корӣ мусоидат намуданд, ки 1 нафари он ба НБО Роғун, 2 нафар дар соҳаи маориф, 2 нафар тандурустӣ ва 1 нафар ба соҳибкорӣ тавсия дода шуданд.