ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Гарди Гулмуродови ноҳия Дӯстӣ  Аксияи ҳизбии зери унвони "Тозагӣ" гузаронида шуда истодаанд.    Ин навбат бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Гарди Гулмуродов", ки роҳбарии онро Назарова Муаззама ба ӯҳда дорад дар якҷоягӣ бо аъзоён ва тарафдорони ҲХДТ  шафати роҳи мошингузари Ҷамоати деҳоти Гарди Гулмуродов тоза карда шуда бо ин иқдомашон мехоҳанд дар пешрафти корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  саҳми арзандаи худро гузоранд.