Баргузории ташаббуси ҳизбии Мактаби ман дар Муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман!" дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 2, 7, 23 ва41-и ноҳияи Дӯстӣ вохӯри бо хатмкунандагони солҳои 1984-1986 баргузор карда шуд. Мақсад аз баргузории ин ташаббус ҷалби хатмкардагони муассиса ва шахсони саховатпеша барои амалисозии корҳои ободонию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳангоми суҳбат вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин дастпарварони муассисаи мазкур аз ҳолати имрӯзаи биноҳои муассиса дидан карда, дар назди худ мақсад гузоштанд, ки дар таъмири синфхонаҳо, қисми берунии бинои мактаб ва сохтмони дигари муассисаҳо саҳмгузорӣ хоҳанд кард.