Баргузории мусобиқаи гуштин бахшида ба Рӯзи ҷавонон.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола дар моҳи май баргузор карда мешавад, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Дӯстӣ як қатор чорабиниҳои варзишӣ баргузор карда мешавад.

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии деҳоти "Г.Гулмуродов" дар Мактаби варзишии "Бародарон" мусобиқаи гуштини миллӣ баргузор карда шуд.
Дар ин мусобиқаи варзишӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз ва котиби ташкилоти ибтидоии деҳоти "Г.Гулмуродов"  Қурбоналӣ Ҳасанов иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки шогирдони мактаби варзишии "Бародарон" якчанд рӯз пеш дар мусобиқаи минтақавии гуштинг ки байни панҷ ноҳия баргузор гардид фаъолона иштирок намуда 10 медал ба даст оварданд, ки дар сабқатҳои гуруҳӣ ҷойи якумро ишғол карданд.