Оила асоси зиндагист.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 15.05.2023, дар маркази ноҳияи Дӯстӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба рӯзи "ОИЛА" Аксияи ҳизби гузаронида шуд.

Оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои милли тоҷикӣ ба фарҳанг ва маърифати ин миллати куҳанбунёд асос ёфтаанд. Гузаштагони фарҳангсиришти мо дар ин маврид рисолаву таълимоти хоссаи худро эҷод кардаанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсола пайваста амиқтару мукаммалтар гардидаанд. Дар баробари ин ойинҳои оиладории тоҷикон аз маросим ва суннатҳои дигари рӯзгори миллати точик, мисли ҷавонмардиву накӯкорӣ ва инсонпарварвариву башардӯстиву адолатпешагӣ сарчашма ва ғизо мегиранд.
Оила унсури асосии ҷомеа буда, моро зарур аст, ки баҳри пойдор, устуворӣ ва бақои ҳамешагии он пайваста талош варзем.
Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Олимов Иброҳим дар якҷоягӣ бо волонтиёронӣ ҳизб ба зиёда аз 70 нафар шаҳрвандон дар бозори марказии ноҳия ва дигар шаҳрвандон буклетҳо тақсим намуданд.