Ташаббусҳои ҳизбӣ аз ҷониби сокинон дастгирӣ меёбанд.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем" миёни сокинони маҳаллаву деҳаҳои ноҳия ҳамовозии зиёде пайдо кардааст. Дар ҳамин доира корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ҳудуди маҳаллаҳову деҳаҳои ноҳия идома дорад.

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иқдом дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Ҷангалпарвар" Ҷамоати деҳоти Нури Вахш хеле хуб ба роҳ монда шуда, сокинони ин деҳа кӯчаҳо ва шафати роҳи мошингузари деҳаашонро чароғон намуда истодаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ин дар як вақт идомаи корҳои оғозгардида ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда, дар самти таъмини инфросохтори деҳаву маҳал, гузоштани замина ба таъмини нақшаи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бо бунёди корхонаву сехҳои истеҳсолӣ, коркарди маҳсулоти ватанӣ, ташкил ва тақвияти хизматрасонии коммуналӣ, таъмири роҳ, истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини хоҷагӣ, наздиҳавлигӣ, таъмини тозагии муҳит, кабудизоркунии маҳал, ҷалби соҳибкорони ватанию бурунмарзӣ ва дар маҷмуъ беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад.