Қаҳрамонон ҳаргиз намемиранд.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади пос доштани хотираи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Поси хотир" ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз, кормандони Кумита, собиқадорон, фаъолони ҳизбӣ ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроия иштирок намуда ба хотири дуову фотиҳа дар ҳаққи ин қаҳрамонҳои миллат ба оромгоҳҳо рафта, атроф ва дохили оромгоҳҳои иштирокчиёни Ҷанги бузурги Ватаниро тозаю озода намуда, дар ҳаққашон дуои хайр хонданд.
Ҳамзамон аз ҷониби қисме аз раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда рафта Иди зафарро ба онҳо табрик гуфта ба онҳо кӯмакҳои яквақтаи моддӣ расониданд.