Баргузории ташаббуси ҳизбии Мактаби ман дар муассисаҳои таълимӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман!" дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 13-и Ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов вохӯрӣ бо хатмкунандагони солҳои 1983-1984 баргузор карда шуд. Мақсад аз баргузории ин ташаббус ҷалби хатмкардагони муассиса ва шахсони саховатпеша барои амалисозии корҳои ободонию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаи таълимӣ арзёбӣ мегардад.

Бо иштироки муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ, Мирзосафарзода Шамсиддин ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор дар муассисаи таълимии 13-и ноҳияи Дӯстӣ, чунин ташаббус баргузор карда шуд.
Ҳангоми суҳбат вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин дастпарварони муассисаи мазкур аз ҳолати имрӯзаи бинои муассиса дидан карда, дар назди худ мақсад гузоштанд, ки дар таъмири синфхонаҳо, қисми берунии бинои мактаб ва сохтмони ошхонаи муассиса саҳмгузорӣ хоҳанд кард.