Иштироки раиси Кумита ва фаъолони ҳизбӣ дар ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман!" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 9-и Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл, вохӯрӣ бо хатмкунандагони солҳои 1982-1985 баргузор карда шуд. Мақсад аз баргузории ин ташаббус ҷалби хатмкардагони муассиса ва шахсони саховатпеша барои амалисозии корҳои ободонию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаи таълимӣ арзёбӣ мегардад.

Имрӯз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз дар муассисаи таълимии 9-и ноҳияи Дӯстӣ, чунин ташаббус баргузор карда шуд.
Ҳангоми суҳбат вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин дастпарварони муассисаи мазкур аз ҳолати имрӯзаи бинои муассиса дидан карда, дар назди худ мақсад гузоштанд, ки дар таъмири синфхонаҳо ва қисми берунии бинои мактаб саҳмгузорӣ хоҳанд кард.