Иштироки фаъолони ҳизбӣ дар Соати сиёсӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ аз ҷониби кормандони масъули Кумита, вакилони ҳизбӣ, фаъолон ва собиқадорони меҳнат дарсҳои кушод зери унвони "Соати сиёсӣ" баргузор карда мешавад.

Чунин ташаббус имрӯз бо иштироки фаъоли ҳизбӣ ва омӯзгори соҳибтаҷриба, Ҷоншоев Бунёд бо хонандагони синфи 11-и Гимназияи давлатии ноҳияи Дӯстӣ гузаронида шуд.   
Мавзӯи "Соати сиёсӣ" ин навбат Роҳ ва усулҳои Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро дар бар мегирифт.
Зимни суҳбат вобаста ба дуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ, ба манфиат истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ карда шуд.