Амалиёти муштараки Соати сиёсӣ дар ноҳияи Дӯстӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани донишҳои сиёсии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор, тибқи нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дарсҳои кушод зери унвони "Соати сиёсӣ" гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад дар МТМУ №3-и ноҳия бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаи ин муассиса бо хонандагони  синфҳои 10,  Соати сиёсӣ дар мавзуъҳои “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пайдоиши пиряхҳо ва сабабу омилҳое, ки пиряхҳо об мешаванд, гузаронида шуд.
Зимни баромад вобаста ба ин мавзӯъҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуд.
Қайд гардид, ки зиёда аз 70 фоиз захираҳои обии Осиёи миёна аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд ва барои пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ бояд ҷалб карда шавад.
Бо ҳамин мақсад Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кард ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ ёфта соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, минбаъд ҳамасола санаи 21-уми моҳи март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо дар тамоми кишварҳои ҷаҳон қайд карда мешавад.