Баргузории Соати сиёсӣ дар муассисаҳои таълимӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсии наврасону ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи хонандагон бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Халтон, шанбеи охири ҳар моҳ Амалиёти муштараки ҳизбии "Соати сиёсӣ"  дар муассисаҳои таълимӣ баргузор карда мешавад.

Чунин ташаббус дар ноҳияи Дӯстӣ низ баргузор гардида дар рафти баргузории дарсҳои сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, вакилони ҳизбӣ ва собиқадорону омӯзгорони фаъол иштирок карда дар мавзуъҳои мубрами рӯз ба хонандагони синфҳои болоӣ дарс мегӯянд.
Чунин ташаббус имрӯз бо иштироки муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ, Мирзосафарзода Шамсиддин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ, Ҷалолов Абубакр дар МТМУ-43-и ноҳияи Дӯстӣ баргузор карда шуд.
Мавзӯи "Соати сиёсӣ" ин навбат "Пиряхҳо манбаи ташаккули обҳои тоза мебошанд" дар бар гирифт, ки хонандагон дар рафти дарс фаъолона иштирок карда фикру андешаҳои худро баён доштанд.