Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар маҳал.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳими мамлакат ба шумор рафта, ба фаъолият ва пешрафти ин соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамояд, то инки дар оянда фарзандони мо ҳамчун ҷавонони босаводу соҳибтахассус ба камол расанд.

Бо ин мақсад ҳамасола дар ватани азизамон аз ҷониби давлату ҳукумат даҳҳо муассисаҳои таълимии замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Аз он ҷумла дар ноҳияи Дӯстӣ низ солҳои охир якчанд муассисаи таълимии замонавӣ сохта ба истифодаи хонандагон дода шудааст.
Аз ин ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳи ноҳияи Дӯстӣ илҳом гирифта,  бо мақсади беҳтар гардонидани сифати таълиму тарбия ва бо ҷои нишаст таъмин намудани хонандагон дар назди якчанд муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагиро оғоз намудаан, ки қисме аз онҳо алакай ба истифода дода шудаанд.
Чунин иқдом бо ташаббуси директори муассисаи таълимии 34-и ноҳияи Дӯстӣ, Қодирова Бибиробия, раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи "Шаҳринав" Абдуллоев Раҷаббек ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ аз деҳаи Шаҳринав, Ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барзунов Қосимҷон ба роҳ монда шуда, онҳо иқдом гирифтаанд ки бо дастгирии сокинони деҳа чор синфхонаи иловагӣ сохта ба ихтиёри хонандагон супоранд.