Ватан корнамоӣ ва фидокориҳои фарзандонашро фаромуш нахоҳад кард.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар арафаи Иди Саиди Фитр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар ҳамкорӣ бо вакилони ҳизбӣ ва шахсони саховатманд ба ятимону бепарасторон, маъюбону оилаҳои камбизоат ва сарбозоне ки дар муноқишаҳои сарҳадӣ барои ҳифзи марзу буми меҳан ба шаҳодат расидаанд, кӯмаки яквақта расонида мешавад.

Имрӯз бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз дар якҷоягӣ бо Комисари ҳарбии ноҳияи Дӯстӣ, Талбакзода Ҷамшед ва муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ, Мирзосафарзода Шамсиддин дар арафаи Иди Саиди Фитр ба назди волидайни сарбоз аз деҳаи М. Ҳотам, Ҷамоати деҳоти Ҷиликул, Саидумаров Зоир, ки дар муноқишаҳои сарҳадӣ дар ҳифзи марзу буми ватан қаҳрамонона ба шаҳодат расида буд барои аёдат рафтанд.
Ҳангоми суҳбат бо модар ва волидайни Саидумаров Зоир, бори дигар изҳори тасалият намуда, иброз карда шуд, ки ватан бо чунин сарбозони далеру ҷасур ҳамеша ифтихор мекунад ва номи онҳо ҳамчун қаҳрамон абадӣ хоҳад монд.
Ҳамчунин ба волидайни ин сарбози шуҷои ватан, Саидумаров Зоир, кӯмаки яквақтаи моддӣ расонида шуд.
Чунин иқдом идома ёфта, дигар ниёзмандон низ бо кумакҳои яквақтаи моддӣ фаро гирифта мешаванд.