Ободии ватан саодати мост.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зиёда аз 31 сол мешавад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, оромию осудагӣ ва бо шукргузорӣ аз роҳбари оқилу дурандеши худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хушу хурсандона умр ба сар мебаранд.

Солҳои охир корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ватани азизамон вусъати тоза пайдо намуда дар ин муддат садҳо муассисаҳои таълимию тиббӣ сохта ба истифода дода шуда ба сокинони мамлакат хизматрасонӣ менамоянд.
Аз ин иқдомҳои наҷибонаи роҳбарияти Олии мамлакат соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва сокинони мамлакат низ руҳу илҳоми тоза гирифта ҳар як гӯшаи диёри худро ободу зебо мегардонанд.   Чунин иқдомҳо дар ҳудуди деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии "Анорбоғ"-и деҳаи ба номи А.Раҷабов, Ҷамоати деҳоти Ҷиликул, Шарипов Шамсиддин ва имомхатиби деҳа Қирғизов Сайраҳмон сангфаршкунии роҳҳои дохилии деҳа оғоз гардида, сараввал бо истифода аз техникаи махсус роҳҳо ҳамвору кушод карда шуда, сипас сангфарш карда мешаванд.
Дар амалишавии ин иқдомҳо саҳми сокинони деҳаи А.Раҷабов хеле зиёд буда то имрӯз зиёда аз 2км роҳҳои дохилӣ сангфарш гардидааст ва ин иқдом дар оянда низ идома дода мешавад.