Баргузории амалиёти "Соати сиёсӣ" дар ноҳияи Дӯстӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани донишҳои сиёсии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, тибқи нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дарсҳои кушод зери унвони "Соати сиёсӣ" гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад дар МТМУ №3-и ноҳия бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаи ин муассиса бо хонандагони  синфи 11,  Соати сиёсӣ дар мавзуъҳои “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ва Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон гузаронида шуд.
Зимни баромад вобаста ба ин мавзӯъҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуд.