Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар тамоми деҳаву маҳалла ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, маъракаи ниҳолшинонӣ, тоза намудани ҷую заҳкашҳо ва кишту кори баҳорӣ бо маром идома дорад.

Аз ин маърака ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ қафо намонда дар атроф ва саҳни идораву корхонаҳои худ ниҳолҳои ороишӣ, ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо шинонида дар ободонии муҳити атроф саҳми худро мегузоранд.
Чунин иқдом дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Литсейи касбии техникӣ" баргузор карда шуда бо ташаббуси раиси ташкилот Шаҳром Ҷалилзода ва саҳми аъзоёни ташкилот дар назди муассисаи таълимӣ ниҳолҳои сузанбарг ва гулҳои баҳорӣ шинонида шуда саҳн ва атрофи Литсейи касбии техникӣ тоза карда шуд.