Баргузории "Соати сиёсӣ" дар муассисаҳои таълимӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва хизмат намудан дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ аз ҷониби кормандони масъули Кумита ва собиқадорону фаъолони ҳизбӣ дарсҳои кушод зери унвони "Соати сиёсӣ" баргузор карда мешавад.

Чунин чорабинӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор бо хонандагони синфи 11-и муассисаи таълимии-3 ноҳияи Дӯстӣ гузаронида шуд. Мавзӯи "Соати сиёсӣ" ин навбат 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирифт.
Зимни баромад вобаста ба таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввалин гузашти низомии Артиши миллӣ дар таърихи 23-уми феврали соли 1993 ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таъсис ва такмили Артиши миллӣ суханронӣ карда шуд.