Корҳои ободонӣ дар маҳаллаву деҳот вусъат меёбанд.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳаллаву деҳотҳо, имрӯзҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳаҳои ноҳияи Дӯстӣ, корҳои ободонию ниҳолшинонӣ ва кандани ҷуйбору заҳкашҳо бо вусъат ҷараён дорад.

Бо иқдоми раиси ташкилоти ибтидоии "Анорбоғ" Шарипов Шамсиддин, инчунин саҳмгузории сокинони деҳа ва аъзоёну ҷонибдорони ҳизб дар деҳаи Асроҷ Раҷабови Ҷамоати деҳоти Ҷиликул ҳашари умумӣ ташкил карда шуда, иштирокдорон ҷуйборҳо ва қубурҳои деҳа, инчунин ҷуйборҳои дохили хоҷагиҳоро тоза намуда ба мавсими нави обёрӣ омода намуданд.
Ҳамчунин шафати роҳи мошингузари деҳаро аз алафҳои хушкида ва партовҳо тоза намуда дарахтони атрофро ба тартиб дароварданд.