Ташаббусҳо дар маҳал амалӣ мегарданд.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як гӯшаи диёри азизамон, имрӯзҳо аз ҷониби раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар деҳот, раисони Кумитаҳои маҳалла ва саҳмгузории сокинони маҳал дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ, корҳои созандагию ободонӣ бо маром идома доранд.

Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти "Г.Гулмуродов"  Назарова Муаззама ва саҳмгузории аъзоёну ҷонибдорони ҳизб, сокинони деҳаи Пасариқ ва шахсони саховатпеша дар деҳаи мазкур тариқи қубурҳои обгузар бо дарозии зиёда аз 1-километр хати оби нушокӣ кашида шуд.
Акнун мушкилии сокинони деҳа хеле осон гардида бо оби ошомиданӣ таъмин мебошанд.
Чунин ташаббусҳо бо ҷалби сокинон ва шахсони саховатпеша минбаъд низ идома меёбад.