Корҳои созандагию ободонӣ дар деҳот.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо фаро расидани фасли баҳор дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ, корҳои созандагию ободонӣ, тоза намудани ҷую заҳкашҳо, сангфарш намудани роҳҳо ва сохтани пулҳо оғоз гардиданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки анҷом додани чунин корҳо бо ташаббуси раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дар деҳот, раисони Кумитаҳои маҳалла ва имомхатибон ба ҳукми анъана даромадааст.
Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи "Донашикан"-и Ҷамоати деҳоти Нури Вахш, Хаттиев Эшмаҳмад ва бо саҳмгузории сокинони деҳа, шахсони саховатпеша ва аъзоёну ҷонибдорони ҳизб дар деҳаи мазкур сохтмони як пули мошингузар оғоз карда шуд.
Ба истифода додани пули мазкур, роҳи дури сокинон ва хоҷагидорони деҳаи Донашиканро хеле кӯтоҳ намуда ба иқтисоди хоҷагидорон фоидаи зиёд меорад.