Ҷараёни баргузории "Хонишҳои сиёсӣ" дар ташкилотҳои ибтидоӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа дар ташкилотҳоиибтидоии ҳизбӣ "Хонишҳои сиёсӣ" бо иштироки кормандони масъули Кумита баргузор карда мешавад.

Ин ташаббус бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, дӯст доштани ватан, ҷалби онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва тарбияи ҷавонписарон дар рӯҳияи ҳарбӣ-Ватандӯстӣ мебошад.
Чунин чорабинӣ имрӯз бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Олимов Иброҳим, дар ташкилоти ибтидоии "Анорбоғ" баргузор карда шуд.
Зимни суҳбат вобаста ба самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ намуда бандҳои алоҳидаи он ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Ҳамчунин вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ ва омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ибрози андеша карда шуд.