Омодагии деҳқонон ба кишту кори баҳорӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади омодагӣ бо кишту кори баҳорӣ, тоза намудани ҷуйбору каналҳо ва заҳкашҳо бо ташаббуси раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дар деҳаву ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ, тоза намудани ҷуйборҳо ва корҳои саҳроӣ оғоз ёфтаанд.

Чунин ташаббус бо иқдоми раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳраки "20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон"  Абдуллоев Раҷаббек дар деҳаву хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоат ба роҳ монда шудааст.
Дар деҳаи Шаҳринави Ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, сокинони маҳал ва аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ба ҳашар баромада ҷуйборҳои дохили хоҷагӣ ва байни деҳаро тоза намуда ба мавсими нави обёрӣ омода мекунанд.