Ташаббусҳои ободонӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади омодагӣ ба мавсими нави кишту кори баҳорӣ, тоза намудани ҷуйбору заҳкашҳо, бо иқдоми раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва раисони кумитаҳои маҳалла, дар деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ, корҳои созандагию ободонӣ оғоз гардиданд.

Чунин иқдом бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи "Намуна"-и Ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродов, Зардакова Назира амалӣ гардида истодааст.
Аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва сокинони деҳаи Намуна тасмим гирифтанд, ки ҷуйборҳои обгузари байнихоҷагии деҳаро то оғози кишту кори баҳорӣ тоза намуда роҳҳои дохилии деҳаро сангфарш намоянд.

То имрӯз ба тариқи ҳашар зиёда аз 1000 метр ҷуйбор тоза гардида 500 метр роҳи деҳа сангфарш карда шудааст.