Ташаббусҳои ҲХДТ дар маҳал амалӣ мегарданд.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амалӣ намудани ташаббусҳои ҳизбӣ, имрӯз бо ташабуси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Моҳинав"-и ҷамоати шаҳраки 20–солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи дохили деҳаи мазкур бо дастгирии аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шахсони саховатпеша ва  сакинони деҳа сангфарш гардонида шуд.

Ҳамзамон фаъолону аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ тасмим гирифтаанд, ки дар оянда низ ҳудудҳои дигар деҳаҳоро ҳам сангфарш намуда, дар корҳои ободкорию созандагӣ саҳми босазои худро гузоранд.