Саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ вазифаи асосии ҳар як сокини деҳот мебошад.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, "Таъмини амнияти озуқаворӣ"  дар асоси дурнамои тасдиқнамудаи Раёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, кишти барвақтии картошка дар ҳамаи деҳаҳои ноҳия бо маром идома дорад.

Бо ин мақсад дар Ҷамоати деҳоти Нури Вахш, бо иштироки мутахассисони соҳаи кишоварзӣ семенари кишти картошка гузаронида шуд.

Зимни суҳбат бо деҳқонон раиси ташкилоти ибтидоии деҳоти  "Нури Вахш"  Турдиев Амондавлат иброз дошт, ки картошка нони дуюм ба ҳисоб рафта, зиёд кардани майдони картошказор боиси арзон гардидани нархи он дар бозорҳо мегардад.

Танҳо бо ҳамин васила мо метавонем дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми худро гузорем.