Сангфаршкунии роҳҳо бо ташаббуси Ташкилотҳои ибтидоӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар ҳолати хуби истифодабарӣ нигоҳ доштани роҳҳои дохилии деҳаҳо бо ташаббуси раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дар маҳал, раисони кумитаҳои маҳалла ва шахсони саховатпеша сангфаршкунии роҳҳо дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ идома доранд.

Чунин ташаббус имрӯз бо иқдоми раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи "Ваҳдат" Давронов Муродалӣ, сокинони деҳа ва дигар шахсони саховатпеша дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Ҷиликул баргузор карда шуд.
Бо иштироки сокинони деҳа ва истифода аз техникаҳои роҳсозӣ зиёда аз ду километр роҳи дохилии деҳаи Ваҳдат сангфарш карда шуд.