Маҷлиси ҷамъбастӣ дар ташкилоти ибтидоии "Фарҳанг" баргузор гардид.

Дӯстӣ: Ҳисобот  

Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фарҳанг"-и ноҳия маҷлиси ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023 баргузор гардид.  

Дар маҷлиси мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор иштирок дошт.
 Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
1. Ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023
2. Ҷамъбасти обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ барои 2023.
3. Тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2023.
4. Тасдиқи нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Қабули қарорҳо вобаста  ба ҳаракати аъзои ҳизб
6. Ҷорӣ намудани Рейтинги ҳизбӣ.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома Котиби ташкилоти ибтидоии "Фарҳанг" Кабиров Шарифҷон баромад карда, аз фаъолияти яксолаи ташкилот дар назди аъзоён ҳисобот дод.
Ҳамзамон масъалаҳои дигари дар рӯзнома буда низ баррасӣ карда шуда, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар анҷом Зоҳирзода Саймухтор баромад карда, вобаста ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, қабули ҷавонони лаёқатманд ба сафи ҳизб ва ҷорӣ намудани рейтинги ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоӣ ибрози андеша намуд.