Баргузории маҷлисҳои ҷамъбастӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ

Дӯстӣ: Ҳисобот  

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ҷамъбастӣ оғоз гардиданд.

Чунин маҷлис дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Иттифоқ" бо иштироки мудири шуъбаи молияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Хоҷаев Рустамбек баргузор гардид.
Сараввал, раиси ташкилоти ибтидоии "Иттифоқ"  Узбеков Нусратулло маҷлисро оғоз намуда, оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилот дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023 суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки новобаста аз камбудию пешравиҳо дар фаъолияти ташкилот натиҷаҳо дар соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ мегардад.
Сипас, Хоҷаев Рустамбек вобаста ба иҷроиши саривақтии обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2023, ҷорӣ намудани рейтинги ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоӣ баромад намуд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.