Аёдати собиқадорон ва ниёзмандон дар арафаи Иди соли нав.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Иттифоқи касаба" Узбеков Нусратулло дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз ба аёдати собиқадори меҳнат Қурбонов Муҳаммадраҷаб ва як оилаи ниёзманд Бозорова Гулистон аз деҳаи Баҳористони Ҷамоати деҳоти Г. Гулмуродов  рафтанд.

Ҳангоми суҳбат бо Қурбонов Муҳаммадраҷаб аз вазъи саломатиаш огоҳ гардида ба онҳо кумаки яквақтаи моддӣ расонида шуд.