Баргузории "Рӯзи ёдоварӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани атроф ва дохили оромгоҳҳо ҳар якшанбеи охири моҳ, ташаббуси ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" баргузор мегардад.

Чунин иқдом дар оромгоҳи деҳаи А.Раҷабов, Ҷамоати деҳоти Ҷиликул баргузор карда шуд.
Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз, Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и ноҳияи Дӯстӣ, Исмоилов Исматулло, имомхатиби деҳа ва дигар сокинону аъзоёни ҳизб иштирок доштанд.
Иштирокчиён ин навбат ҷуйборҳои атрофи оромгоҳро канда тоза карда бехи дарахтонро нарм намуданд.